Ташкили мусофирбари

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа

Краткое описание

Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.

Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.

Вложенные файлы: 1 файл

Ташкили мусофирбари.doc

— 538.00 Кб (Скачать файл)

 

3. Яке аз шаклҳои  идораи терминалҳои мусофирбарӣ аз байни онҳо ҷудо намудани терминали нисбатан калон ва ба он вобаста намудани функсияҳои идораи дигар иншоотҳои хатии дар ин минтақа амалкунанда. Ба ғайр аз ин дар солҳои охир дар базаи терминалҳои алоҳида, иттиҳодияҳои истеҳсолии ҳисоби хоҷагии терминалҳо мушоҳида мешаванд. Ба ин иттиҳодияҳо ҳамаи терминалҳои дар ин минтақа амалкунада, дохил мешаванд. Бинобар ин функсияҳои асосӣ ва сохтори идораи терминалҳое, ки ба ин иттиҳодияҳо дохил мешаванд инчунин функсияи муассисаҳои мусофирбар низ тағйир меёбад.

Системаи иттиҳодияҳои истеҳсолӣ имконият дод, ки барои  ҳамаи терминалҳо протсеси ягонаи ташкили  хизматрасонӣ ба мусофирон, роҳбарии диспетчерӣ, хизматрасонии маълумотдиҳӣ, хизматрасонии  маишӣ, воситаҳои техникии алоқа, ташкили  фуруши пешакии чипта бо истифодаи воситаҳои автоматикиро ҷорӣ намояд.

Вобаста ба ташкилшавии  иттиҳодияҳои истеҳсолӣ функсияҳои муассисаҳои автомобилии мусофирбар ба таври куллӣ тағйир ёфтаанд. Вазифаҳои  асосии онҳо – бо сифати хуб тайёр  намудани автобусҳо ба мусофирбарӣ, ташкил ва таъмини баровардани автобусҳо ва гузаронидани хизматрасонии техникӣ мебошад.

 

Сохтори идораи иттиҳодияҳои истеҳсолии терминалҳои  мусофирбарӣ

 

 


 

 

 


 

 

 

Манбаи асосии нигоҳдории термианалҳои ҳисоби хоҷагӣ ин даромад ва фуруши чиптаҳо (ҷудо намудани ҳисса аз даромади умумӣ - 5% ) даромад аз фуруши чиптаҳои барвақтӣ, ҷудо намудани ҳисса аз фуруши чиптаҳои бағоҷ – 50% даромад аз истифодаи хонаи истироҳат бағоҷхона ва дигар хизматрасониҳо.

 

4. Терминалҳои мусофирбарӣ, бюрои таъмини фаъолияти самаранок бояд бо таҷҳизотҳои техникии замонавӣ таъмин бошанд. Одатан ба чунин таҷҳизотҳо инҳо дохил мешаванд:

- мошинаҳои  билетӣ-кассавӣ барои механиконидани  ҷараёни фуруши чиптаҳо

-автоматҳои  чиптачопнамоӣ (АБ-295) барои фуруши чипта ба зоннаҳои муайян

- мошинаҳо барои  ҳисоб намудани тангаҳо

- мошинаҳо барои  ҳисоб намудани пулҳои қоғазӣ

- компостерҳои  электрикӣ

Барои маълумотрасонӣ ва алоқа воситаҳои баландгӯӣ  инчунин воситаи алоқаи диспетчерӣ, баландгуякҳои оддию телефони дохилӣ радиостансияҳои хурд истифода мешаванд.

Барои маълумотдиҳӣ воситаҳои автоматикии АСУ – 50 ва 52 истифода мешаванд.

Бағоҷхонаи  автоматикӣ, ки бо воситаи автоматӣ чиптачопнамоӣ таҷҳизонида шудааст, низ дар терминалҳо амал менамоянд.

Барои назорати ҳаракати мунтазами автобусҳо штамп – соатҳо  (72-ЧТМ) ва дастгоҳҳои телевизионии саноатӣ (ПТУ -101) истифода бурда мешаванд.

Барои тозанамоӣ  ва нигоҳдории терминалҳо мошинаҳои  хурди механиконидаи гуногунтамға истифода бурда мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

КУРСИ 5

 

МАВЗӮИ 1

ТАКМИЛДИҲИИ МУСОФИРБАРӢ БО НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

Саволҳо:

    1. Ҷараёни ташаккулёбии робитаи маҳаллаҳо ва аҳамияти нақлиёт дар ин ҷараён
    2. Давраҳои асосии ташаккулёбии мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ
    3. Омилҳое, ки ба ташаккулёбии мусофирбарӣ таъсир мерасонанд

 

  1. Ҳаёти инсон бо мафҳумҳои манзилгоҳ, ҷои кор, маориф, талаботҳои маданию маишии гуногун, инчунин истироҳат муайян намуда мешавад. Сохтори вуҷуддоштаи ҷамъияти инсонӣ имконият намедиҳад, ки ҳамаи ин дархостҳо дар як ҷой амалӣ гардад. Дар ин ҷо зарурияти ҷойивазкунӣ пайдо мегардад.

Функсияҳои  истеҳсолот, маъмурӣ, маданию сотсиалӣ ва дигар функсияҳо наметавонанд бе алоқаҳои нақлиётӣ амалӣ гарданд. Чунин хулосае бар меояд, ки нақлиёт нишондиҳандаи муҳими фаъолияти ҷамъият мебошад. Таҳлили механизми инкишофи шаҳрҳо, системаи тақсимшавии маҳаллаҳо аз нуқтаи назари ҳаракат ва нақлиёт ба давраҳои пайдошавӣ, ташаккулёбӣ ва инкишоф тақсим мешаванд.

Давраи якум (пайдошавӣ) бо пайдошавӣ ва инкишофи намудҳои соддатарини нақлиёт, ки ба мусофирбарӣ мутобиқ набуданд, баҳо дода мешавад. Хусусияти хоси ин давра  аз он иборат буд, ки қисми асосии аҳолӣ дар назди роҳҳои обӣ, дар назди заминҳои коркард зиндагонӣ менамуданд. Чунин сохтори тақсимшавии аҳолӣ ҳаракати зиёдро талаб наменамуд. Намуди қадимтарини нақлиёт, ки ба сохти пайдоиши шаҳрҳо таъсири ҷиддӣ расонидааст, ин нақлиёти обӣ мебошад

Давраи дуйюм (ташаккулёбӣ) бо пайдоиш ва инкишофи намудҳои нақлиёти алоҳида ба монанди  фойтун, заврақҳои бодбондор, аспсаворӣ баҳо дода мешавад. Пайдоиш ва инкишофи алоқаҳои устувори нақлиётӣ ба пайдоиши давлатҳои бузурги ғуломдорӣ сабаб мешуданд (Рим, Эрон, Шарқи наздик ва ғайра.) Аммо аз сабаби ҳолати ғайриқаноатбахши нақлиёт шаҳрҳои давлатҳои номбурда дар масофаи начандон дур воқеъ буданд. Яъне  ҳамон вақт мураккабиҳои нақлиётӣ пайдо шуданд. Дар Рими қадим қоидаи ҳаракати нақлиёт амал менамуд, ки ҳамон вақт, ин шаҳр аз як миллион зиёд аҳолӣ дошт. Инкишофи нақлиёт ҳанӯз дар ҳамон давра ба тарафҳои гуногуни ҳаёт (савдо, ихтироотҳо, техника) таъсир расонида ба инкишофи бевоситаи шаҳрҳо сабаб мешуданд.

Ниҳоят давраи сеюм, ки онро шартан давраи инкишофи нақлиёт номидан мумкин аст. Ин давра ба инкишофи роҳҳои оҳан, киштиронӣ, тармвай ва тараққиёти босуръати капитализм баҳо дода мешавад. Нақлиёти дохилишаҳрӣ, ки асосан аз фойтунҳо иборат буд, талаботро қонеъ гардонида наметавонист ва зарурияти инкишоф ва пайдоиши дигар намуди нақлиёт ба миён меомад. Аввалан соли 1853 дар шаҳри Ню – Йорк трамвайҳои буғӣ, баъд дар шаҳри Петербург соли 1880 трамвайҳои электрикӣ ва сониян соли 1881 дар Берлин ин намуди трамвайҳо пайдо шуданд. Дар Лондон бошад дар соли 1863 аллакай метрополитен амал менамуд. Маҳз дар ҳамин давра шабакаҳои асосии ҳаракати нақлиёт пайдо шуданд.

Ҳаҷми мусофирбарӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1929-1940 нисбатан босуръат афзудааст. Чунки маҳз дар ҳамин солҳо муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ аз восиатҳои нақлиёти автомобилии мусофирбари ватанӣ пур мешуданд. Дар солҳои пеш аз ҷанг (соли 1940) мусофирбарии автомобилӣ дар 300 шаҳри собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуда буд, ки ҳаҷми мусофирбарӣ дар ин давра ба 600 миллион мусофир баробар аст. Дар солҳои ҷанг бошад, мусофирбарӣ дар қисми зиёди шаҳрҳо қатъ гардиданд. Баъди ҷанг бошад, солҳои 1947 аллакай дар ҳамаи шаҳрҳое, ки то ҷанг воситаҳои нақлиёт амал менамуданд, кори нақлиёти автомобилӣ барқарор намуда шуд.

2.Таърихи инкишофи мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ асосан дар охири асри Х1Х ибтидо меёбад. Дар Россияи тореволютсионӣ ҳаҷми мусофирбарӣ хело кам буд ва асосан аз ҷониби автомобилҳои сабукрав, ки ба ашхоси алоҳида таалуқ доштанд, амалӣ мегардиданд.

Баъди револютсияи Октябрӣ давлат зарурияти инкишофи мусофирбариро бо нақлиёти автомобилӣ ба назар гирифта, бо қарори худ аз соли 1922 ба шахсони алоҳида ва Идораҳо иҷозат дод, ки аз хориҷа автомобилҳои мусофирбар харида ба ҳудуди кишвар биёранд.

Дар натиҷаи  ин баъдтар (солҳои 1923 - 1928) дар кӯчаҳои шаҳрҳои калон (Москва, Санкт – Петербург, Киев ва ғайраҳо) автомобилҳои тамғаи хориҷӣ зиёд шуданд, ки ин имконият дод ба ҳаҷми начандон зиёд бошад ҳам мусофирбарии мунтазам ташкил карда шавад.

Дар солҳои баъдтар  бошад (1960-1990) инкишофи босуръати мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ, хусусан нақлиёти истифодаи умум хос аст. Ба ин як дараҷа истеҳсоли намудҳои нави автомобилҳои мусофирбарӣ,консентратсия ва махсусгардонии муассисаҳо, истифодаи ҳисоби хоҷагӣ ва ғайра сабаб шуданд.

3.Ба омилҳои асосие, ки ташаккулёбии мусофирбариро муайян менамоянд, инҳо дохил мешаванд:

- шумораи аҳолӣ  ва тамоили инкишофи он дар  тамоми қаламрави давлат;

- мукаммалшавии  хоҷагии халқ дар вилоятҳо, ноҳияҳо  ва маҳаллаҳои алоҳида;

- тағйиротҳо  дар ҷойгиршавии аҳолӣ, ки ба инкишофи иқтисодиёт вобаста аст;

- тараққии аҳолии  шаҳрҳо;

- пайдошавии  шаҳрҳои наву инкишофи шаҳрҳои вуҷуддошта;

- баландшавии  дараҷаи моддӣ ва маънавии  аҳолӣ;

- инкишофи шабакаи  истироҳатгоҳҳо, курортҳо ва санаторияҳо;

- дараҷаи арзиши чиптаҳо (билетҳо), тарифҳо ва ғайра.

Ҳамаи омилҳои  номбаршуда байни худ алоқаҳои бевосита ва ё бавосита доранд. Масалан: зиёдшавии  аҳолӣ барои инкишофи хоҷагии  халқ шароит фароҳам меоварад ва ғайраҳо.

Бояд қайд намуд, ки на ҳамаи омилҳо боиси афзоиши ҳаҷми мусофирбарӣ шуда метавонанд. Масалан: Дуруст тақсимшавии аҳолӣ, қонеъ гардонидани талаботҳои маданию маишии одамон, инкишофи воситаҳои алоқа, беҳтаршавии таъминот ва ғайра.

Омили муҳиме, ки ба ташаккулёбии мусофиркашӣ таъсир мерасонад, ин прогресси илмӣ - техникӣ дар нақлиёти мусофирбар мебошад.  

 

МАВЗӮИ 2.

СИСТЕМАИ (УСЛУБИ) НАҚЛИЁТИ ШАҲР, МИНТАҚА

Саволҳо:

  1. Аҳамият ва мавқеъи нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ
  2. Намудҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ
  3. Тавсифи системаи нақлиёти шаҳрӣ

 

  1. Таърихи инкишофи ҷамъият гувоҳ аст, ки ба тақсимоти меҳнат, мукаммалшавии истеҳсолӣ, ғуншавӣ ва коркардабароии маълумоти дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, инкишофи маданият ва умуман инсоният ба рушди соҳаи нақлиёт мусоидат намудааст. Аз ин нуқтаи назар ҳар давраи мукаммалшавии нақлиётӣ бо имконияти инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият вобастагии зич дорад.

Нақлиёт истеҳсолотро ба истеъмолкунанда пайваста бевосита ба инкишофи саноату хоҷагии қишлоқ имконият медиҳад. Нақлиёт имконияти  қобилияти коршоямии инсонро  аз ҳисоби кам намудани вақт ва куфташавии нақлиётӣ зиёд намуда вақти ғайрикориро низ зиёд менамояд, ки он барои истироҳат, омӯзиш, спорт ва ғайра метавонад сарф шавад.

Нақлиёти мусофирбарии шаҳр метавонад вақти ҳаракати меҳнатӣ ва куфташавии ҷисмонӣ ва рӯҳиро кам намуда, ба ҳосилнокии меҳнат таъсири зиёде расонад. Яъне ӯ аҳамияти сотсиалӣ - иқтисодӣ дорад.

Тадқиқотҳои донишкадаи муҳандисони роҳи оҳани дар Белоруссия гузаронида нишон дод, ки зиёдшавии  ҳаракати меҳнат ба ҳадди 10 дақиқа ба ҳисоби миёна 2,5 – 4% ҳосилнокии меҳнатро кам намудааст.

Бояд қайд намуд, ки нақшаи инкишофи ҳар як шаҳр имрӯз  бо назардошти ҳаракати шаҳрвандон, яъне бе назардошти инкишофи нақлиёти он ғайриимкон аст. Нақлиёти шаҳрӣ яке аз элементҳои ободонӣ ва инкишофи ҳар як шаҳр ба ҳисоб меравад. Чунки бе инкишофи нақлиёти шаҳрӣ инкишофи шаҳр, баландравии дараҷаи зисту зиндагонии аҳолии он аз имкон берун аст.

 

2.Мусофирбарии  оммавӣ дар шаҳрҳо асосан бо  намудҳои нақлиёти зерин амалӣ  мегардад:

- автобус

- троллейбус

- трамвай

- метрополитен

- таксӣ

Дар мусофиркашониҳои шаҳрӣ инчунин нақлиётҳои дигар ба монанди

нақлиёти обӣ (дарёӣ), автомобилҳои шахсӣ, электробусҳо, нақлиёти монорелсӣ, роҳи симин, пиёдароҳи  ҳаракаткунанда ва ғайра иштирок  менамоянд

Бартарӣ ва камбудиҳои намудҳои гуногуни нақлиёти мусофирбари оммавии шаҳр:

Намуди нақлиёт

БАРТАРӢ

КАМБУДӢ

1

2

3

 

 

 

 

Автобус

1.Чапғалати  хуби (манёвриро-вание) ҳаракат

2.Муҳлати ками ба истифода-супорӣ

3.Имконияти  ташкили зуди кашонидан бо  талаботҳои алоҳида

4.Имконияти таъҷилан тағйирди-ҳии хатти сафар

5.Хароҷоти начандон зиёд барои ташкили хатҳои ҳаракати нав

1.Хароҷотҳои  зиёди истифода-барӣ

2.Вайроннамоии  муҳити атроф

3.Шиддатнокии  зиёди меҳнати ронанда

4. Кори устуворонаи  начандон зиёди қисми ҳаракаткунанда

5.Зарурияти ҳаррӯзаи сӯзишвори-пуркунӣ

 

 

 

 

Метрополитен

1.Қобилияти  зиёдтарини мусо-фирбарӣ

2.Суръати баланди  ҳаракат

3.Дараҷаи баланди  дақиқӣ ва мунтазамии ҳаракат

4. Даромади баланди  бехатарии ҳаракат

5. Шароити хуби  бурдани мусофирон

6.Ғайриимконияти  бемузд мусо-фирбарӣ

7. Дар муддати  кӯтоҳтарин саворшавӣ ва фаромадани мусофирон

1. Хароҷоти зиёд  барои иншооти ибтидоӣ

2.Масофаи зиёди  байни истгоҳҳо

 

 

Троллейбус 

1.Хароҷоти начандон  зиёди ибтидоӣ (аз автобус зиёдтар)

2.Таъмини тозагии  муҳити атроф

1. Зарурияти  сохтмони иншшот барои энергиятаъминнамоӣ

2. Монеаҳои зистии муҳити

3.  Маҳдудияти  ҳаракат

 

 

 

 

Трамвай

1.Қобилияти  нисбатан зиёди мусофирбарӣ

2. Арзиши ками  мусофирбарӣ

3. Муддати зиёд  истифодабарии қисми ҳаракаткунанда

4. Номураккабии  идоранамоии қисми ҳаракаткунанда

1. Маҳдудияти  ҳаракат

2. Садоҳои нохуш нисбати муҳити атроф

3. Хароҷотҳои  зиёди ибтидоӣ

4.Имконияти  гузашта натаво-нистан ҳангоми аз кор мондани трамваи дар пеш буда

5. Монеаҳои зистии  кӯчаҳо

Автомобили  сабукрав

  1. Суръати баланди ҳаракат
  2. Расонидани мусофирон бевосита ба нуқтаи таъиншуда
  3. Шароити боҳузури ҳаракат

4.Имконияти  зиёди тағйирдиҳии самти ҳаракат

1. Арзиши баланди  мусофирбарӣ

2. Ғунҷоиши кам

3. Меҳнатталабии  зиёди мусофирбарӣ

Информация о работе Ташкили мусофирбари