Ташкили мусофирбари

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа

Краткое описание

Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.

Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.

Вложенные файлы: 1 файл

Ташкили мусофирбари.doc

— 538.00 Кб (Скачать файл)

 

4. Яке аз шартҳои ташкили  самараноки мусофирбарӣ ин таҳлили  омилҳое, ки интихоби қисми  ҳаракаткунандаро аз тарафи мусофирон муайян менамояд, мебошад. Омилҳои асосӣ бо тавсифи техникӣ, истифодабарӣ, иқтисодӣ ва инчунин хосиятҳои дигари хоси ин ё он намуди нақлиёт баҳо дода мешавад. Интихоби мусофирро омилҳои хело зиёд муайян мекунад ва ин имконият медиҳад, ки таҳқиқоти назариявии ин проблема ба таври пурра амалӣ гардад.

Тадқиқотҳои пештар гузаронида нишон доданд, ки ин ё он намуди нақлиётро  таҳлил намуда, дар асоси он камбудӣ  ва бартарии онҳоро баҳо медиҳанд. Вале бояд гуфт, ки худи мусофир муайян мекунад, ки аз кадом намуди нақлиёт истифода барад. Аз ин нуқтаи назар таҳқиқотҳои назариявӣ имконият намедиҳанд, ки муайян намоем, ки ин ё он мусофир дар ҳолати муайян кадом камбудӣ ва бартариҳоро бештар ба эътибор мегирад. Мураккабӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҳатто дар ҳолати шароити якхелаи мусофирбарӣ, нуқтаҳои якхелаи саворшавӣ ва фаромадани мусофирон, сабабҳои интихоби мусофирон гуногунанд.

Барои муайян намудани ин омилҳо бояд таҳқиқоти селаи мусофиронро  гузаронд, яъне талабот оиди ин ё  он намуди нақлиётро дар шароити  муайян бояд омӯхт. Сафари мусофирон бо автобус дар самтҳои байнишаҳрӣ вобаста ба омилҳое, ки онҳоро муайян  менамояд, ба 3 гуруҳ тақсим кардан мумкин аст:

-сафар бо автобус, ки  воситаи ягонаи истифодабарӣ  аст;

- сафар бо автобус вобаста  ба бартариҳои он

- сафари маҷбурӣ дар ҳолати мавҷуд будани дигар намуди нақлиёт

Гуруҳи якуми сафарҳо  ба он вобаста аст, ки дарақаи тараққиёти дигар нақлиёт дар он самт чи гуна аст, хати сафари автобус ба кадом  хатҳои сафар наздик мегузарад, шумораи  маҳаллаҳои аҳолинишин ва аҳолӣ дар  ин самт чи қадар аст ва ғайра

Омилҳое, ки гуруҳи дуюми сафарҳоро муайян менамоянд  хеле гуногун ва бисёршумораанд. Онҳо ба нишондиҳандаҳои техникӣ - истифодабарӣ, иқтисодӣ ва дигар нишондиҳандаҳои  махсуси автобус ҳамчун нақлиёти мусофирбар муайян карда мешавад.

Дар байни омилҳои  техникӣ суръати ҳаракат хеле муҳим ва асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар байни омилҳои истифодабарӣ омили қулаии автобус муҳим аст. Ин омил бо бартариҳои мушаххаси автобус  аз қабили:

  • зудии баланди ҳаракат, ки бе интизоршавии ба сафар омода гаштани мусофирро муайян мекунад;
  • сафар намудан ба нуқтаи лозимӣ бе саворшавии иловагӣ ба дигар намуди нақлиёт (пересадка);
  • қулай ҷойгиршавии истгоҳҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин;
  • устувории зарурӣ ба мусофирбарӣ ва қайраҳо вобаста аст.

Омилҳои иқтисодие, ки интихоби намуди нақлиётро муайян менамоянд, дар нархи мусофирбарӣ инъикос меёбад.

Ба ғайри  ин омилҳо боз омилҳое ҳастанд, ки ба хусусияти намуди нақлиёт вобаста  аст. Барои автобус ин имконияти  нисбатан наздик ва дастрас будан  ба он ҷойҳое, ки мусофир мегузарад мебошад.

Гуруҳи сеюми  сафарҳо – сафарҳои маҷбурӣ бо омилҳои зерин баҳо дода мешавад: набудани чипта ба дигар намуди нақлиёт, иваз намудани баъзе сафарҳои (рейсҳои) самолёт, поезд, набудани таксӣ, дер мондани мусофирон ба дигар намуди нақлиёт ва ғайра. Дар ин ҳолат мусофир маҷбур аст, ки танҳо аз автобус истифода барад.

Омилҳои қайдгардида  омилҳои асосии намуди нақлиёт мебошанд. Ба ғайр аз ин дигар омилҳое вуҷуд  доранд, ки таъсири онҳо ба интихоби автобус чандон зиёд нест. Ба онҳо дохил  мешаванд – бо сабаби саломатӣ бо самолёт сафар намудан ғайриимкон аст, шароити хуби сафар кардан дар фасли тобистон бо автобус нисбати поезд, имконияти роҳи наздики расонидани мусофирон ва ғайра.

 

МАВЗӮИ 4

ТАШАККУЛЁБИИ ШАБАКАИ НАҚЛИЁТӢ

 

Саволҳо:

    1. Шабакаи нақлиётӣ
    2. Классификатсияи (таснифи) хати сафари автобусҳо
    3. Тартиби кушодани хати сафари автобусҳо
    4. Шиносномаи хати сафар
    5. Нишондиҳандаҳои хати сафари автобусҳо

 

1. Шабакаи нақлиётӣ - ин маҷмӯи алоқаҳои нақлиётӣ, ки дар онҳо интиқоли мусофирон амалӣ мегардад.

Шабакаи нақлиётии  шаҳрӣ аз маҷмӯи кӯчаҳо, ва гузаргоҳҳо нақлиётӣ, ки бо он намудҳои гуногуни нақлиёти шаҳрӣ хизмат мерасонанд, инчунин хатҳои нақлиёти зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, ки бо шабакаи кӯчаҳо қисман алоқаманданд ё умуман алоқаманд нестанд (шабакаи метрополитен, кӯчаҳои монорелсӣ, роҳҳои автомобилгарди эстокадӣ ва ғайра) мебошад.

Хусусияти муайянкунандаи шабакаи нақлиётии шаҳрӣ - ин алоқаи бевоситаи онҳо ба шаҳре, ки онҳо хизмат мерасонанд, зичии аҳолӣ, релефи маҳал, шароити обу ҳаво ва ғайра.

Шабакаи нақлиёти шаҳр – ин ҳамчун функсия аз тавсифи ҳудуди нақшавӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ, демографӣ ва тамоми маҷмӯаи дигар нишондиҳандаҳои шаҳр мебошад.

Ташаккулёбии  шабакаи наҳлиётӣ, чун ташаккулёбии селаи мусофирон бояд ба қонуниятҳои  муайян, ки дар асоси онҳо имконияти муайян намудани нишондиҳандаҳои нақлиётӣ ба ин ё он шароит имконпазир бошад, бояд такя намояд. Қонунияти нисбатан умумӣ ва хусусияти шабакаи нақлиётӣ аз он иборат аст, ки вобаста ба зичии аҳолӣ шабака дар марказ бештар буда, дар атроф нисбатан камтар мебошад. Яъне зичии ҷойгиршавӣ аз атроф ба марказ зиёд мешавад, ки ин қонунияти ҳаракати селаи нақлиётиро ифода менамояд.

Ҳангоми тартиб додани шабакаи нақлиётӣ бояд ҳалли  масъалаҳои асосиро таъмин намуд; таъмини  самти кӯтоҳтарини алоқа байни  минтақаҳои алоҳидаи аҳолинишин ва марказҳои саноатию маъмурӣ, истироҳатгоҳҳо ва ғайра.

 

2. Хати сафари автобусҳо – ин самти ҳаракати автобус байни нуқтаҳои ибтидоӣ ва интиҳоии шабакаи нақлиётӣ аз рӯи ҷадвали муайяншуда.

Хатҳои сафар  аз нуқтаи назари ҷойгиршавӣ дар ҳудуди шаҳр, самти кориашон, усули истифодабарӣ, таъинот ва тарзи ҳаракат ба гуруҳҳои гуногун тақсим мешаванд.

Бо назардошти ҷойгиршавӣ дар ҳудуди шаҳр онҳо ба хатҳои сафари шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байналхалқӣ тақсим мешаванд.

Аз нуқтаи назари сохти кориашон ба хотири сафари асосӣ ва наздиковаранда тақсим мешаванд.

Хатҳои сафари асосӣ мусофирбариро мустақилона  байни нуқтаҳои муайяншуда амалӣ  мегардонанд. Наздиковаранда бошад  ҳамчун хати сафари ёрирасон, селаи мусофиронро ба истгоҳҳои нақлиёти нисбатан тавонотар (метрополитен) мерасонад.

Бо назардошти усули истифодабарӣ хатҳои сафар  ба доимӣ ва муваққатӣ тақсим мешаванд.

Аз нуқтаи назари тарзи ҳаракат ба хатҳои сафари оддӣ, босуръат, кӯтоҳшуда ва экспресӣ тақсим мешаванд.

 

3. Кушодани хати  сафар (маршрут) ба омӯзиши сохти алоқаи нақлиётӣ, самтҳои селаи мусофирон ва ғайра вобаста аст. Хати сафар танҳо дар ҳамон ҳолат кушода мешавад, ки агар ҳаракати роҳ ба талаботҳои техникӣ - истифодабарӣ ҷавобгӯй буда, ҳаракати мунтазам ва бехатаронаи автобусҳоро таъмин намояд. Хати ҳаракати автобусро бояд комиссияи босалоҳият дида барояд. Ба ҳайати комиссия бояд намояндагони Идораҳои нақлиёти минтақавӣ, намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилотҳои коммуналӣ ва инспексияи нақлиётии минтақавӣ бояд шомил бошанд.

Комиссияи номбурда баъди дида баромадани вазъи роҳ ҳамаи камбудиҳои ошкоргардидаро дар санади худ нишон медиҳанд.  Дар қарор ва санад инчунин ҳамаи чорабиниҳоеро, ки ба ҳолати техникӣ - истифодабарӣ ва ҳаракати бехатаронаи автобусҳо мусоидат менамоянд, нишон дода мешаванд. Хати сафар танҳо дар ҳолати пурра бартараф гардидани камбудиҳои дар санад нишон додашуда, кушода мешавад. Хати сафари шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ аз ҷониби муассисаи комуналии шаҳрӣ бо розигии ҳукумати шаҳр кушода мешавад. Хатҳои сафари байнишаҳрӣ ва байнивилоятӣ бошанд дар асоси розигии Идораи нақлиётӣ ва ҳукумати вилоятҳо кушода мешавад.

Хатҳои сафари автобусии байналхалқӣ бо қарори вазоратҳои нақлиёти давлатҳо дар асоси  созишномаҳои байнидавлатии баимзорасида кушода мешаванд.

 

4. Ба ҳар як  хати сафар шиноснома дода  мешавад, ки дар он ҳамаи тавсифномаҳои он инъикос карда мешавад. Барои ҳамаи хатҳои сафар шиносномаҳо сохти ягона доранд.

Шиноснома бояд нишондиҳандаҳои зеринро дар  бар гирад:

  • ном, рақам ва намуди хати сафар, таърихи тартибдиҳии он;
  • дарозии хати сафар, мавсими кори он, таърихи кушодашавӣ, басташавӣ ва сабаби он;
  • нақшаи хати сафар бо нишондоди ҳамаи истгоҳҳо, иншоотҳои хаттӣ ва ғайра;
  • самти ҳаракат бо нишондоди ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин, номгӯи кӯчаҳо, ки аз онҳо хати сафар мегузарад;
  • санади ченкунии хати сафар бо нишондоди масофаи байни истгоҳҳо;
  • тағйиротҳои муваққатӣ дар хати сафар (дарозӣ, вориднамоии гузаргоҳҳо, қатънамоии ҳаракат ва ғайра) бо нишондоди мӯҳлат ва сабабҳои тағйирот;
  • тавсифи роҳ бо нишондоди бари гузаргоҳ, намуди рупӯши роҳ ва ҳолати он;
  • мавҷудият ва ҷойгиршавии кӯпрукҳо бо нишондоди тавсифномаи онҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан, майдончаҳои гардиш дар истгоҳҳои охирин;
  • маълумот оиди тартиби кори ташкилотҳои асосие, ки ба ин хати сафар хизмат мерасонанд;
  •   нишондиҳандаҳои асосии истифодабарии автобусҳо дар хати сафар (дар як сол як маротиба пур карда мешавад).

 

5. Мукаммалии шабакаи хати сафар бо нишондиҳандаҳои муайяншуда баҳо дода мешаванд. Яке аз ин нишондиҳандаҳо коефитсиенти хати сафар ба ҳисоб меравад.

ηм = ΣLм/ Σlpi

ΣLм – дарозии хати сафар дар минтақа

Σlpi - дарозии умумии роҳҳои минтақа

 

Бузургии ин коэфитсиент дар минтақаҳои шабакаи  хати сафарашон инкишофёфта ба 2,0-3,5 баробар аст.

Хизматрасонии ҳудуди шаҳр бо нақлиёти автобусӣ бо зичии  шабакаи нақлиётӣ баҳо дода мешавад. Ин нишондиҳанда ҳамчун нисбати дарозии хатҳои сафари шаҳр ба масоҳати он (F) (ба ғайр аз масоҳати боғҳо, стадион ва корхонаҳои калон) муайян намуда мешавад:

ρ = ΣLмi/ F    км/км2

 

Бо маълумот ва тадқиқотҳои пажуишгоҳи илмии НИИАТ дар шаҳрҳои калон ин нишондиҳанда бояд дар ҳудуди 2,0 – 2,5 км/км2 бошад. Ин сарфи харҷи минималии мусофиронро то истгоҳҳо (5-10 дақиқа) таъмин менамояд.

Барои хатҳои сафари хатӣ:

                                           

Барои як самт ва хатҳои сафари ҳалқавӣ:

                                         

Фосилаи ҳаракати автобусҳо  дар хатсайр:

                                     

Т об – сарфи вақти  гардиши автобус

А – шумораи автобусҳо  дар хати сафар

Суръати ҳаракат – Vт, Vэ, Vс

 

 

МАВЗӮИ 5

ТАШКИЛИ МЕҲНАТИ КОРГАРОНИ ХИЗМАТРАСОНИ

ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

Саволҳо:

    1. Тавсифи умумии ташкили меҳнати когарони хизматрасони воситаҳои нақлиёт
    2. Шаклҳои ташкили меҳнати ронандагон
    3. Ташкили кори бригадаи автобусҳо

 

1. Ронандагон  ва кондукторон, иштирокчиёни асосӣ ва бевоситаи раванди нақлиётӣ мебошанд. Аз ташкили дурусти меҳнати онҳо ҳосилнокии автобус, сифати мусофирбарӣ ва бехатарии ҳаракат вобаста аст. Кори ронандагони нақлиёти мусофирбар хусусан дар шароити шаҳрҳо, бо шиддатнокии зиёди ақлонӣ ва ҷисмонӣ вобаста аст. Аз ин нуқтаи назар бояд дар ташкили кори ронандагони нақлиёти мусофирбар ба меъёрҳои муқарраргардидаи меҳнат ва истироҳат риоя намуд.

Ба идораи автобусҳо  одатан ронандагони дараҷаи якум ва дуюм, ки собиқаи кории на камтар аз 5 сол доранд, роҳ дода мешаванд. Меҳнати ронандагон бояд дар асоси меъёрҳое, ки қонунгузории ҷорӣ муқаррар намудааст, амалӣ гардад. Вақти меъёрии кори ронандагон дар як ҳафта бояд на зиёда аз 41 соат бошад. Вақти кории ҳаррӯзаи ронандагон ва кондукторон дар ҳолати ҳафтаи 6-рӯзаи корӣ набояд аз 7 соат зиёд бошад. Дар рӯзҳои пеш аз ид бошад, рӯзҳои корӣ 1 соат кӯтоҳ муайян шудааст.

Дар кори басти  шабона (аз соати 22 то 6) вақти корӣ як соат кӯтоҳ муайян карда мешавад. Дар ҳолати ҳафтаи кории 5-рӯза вақти  корӣ 8 соату 15 дақиқаро дар рӯзҳои корӣ, 8 соат дар рӯзҳои пеш аз истироҳатӣ ва 7 соату 15 дақиқа рӯзҳои пеш аз ид.

Дар муассисаҳои  нақлиёти автомобилии мусофирбар барои назорати ташкили дурусти меҳнат, бурдани ҳисоб аз рӯи рӯзҳои корӣ ва бурдани ҳисоб аз рӯи моҳҳои корӣ амалӣ мегардад. Ҳисоб аз рӯи рӯзҳои корӣ дар ҳолати ҳар рӯз кор кардани ронандагон бурда мешавад.

Ҳисоб аз рӯи  моҳҳои корӣ бошад дар ҳолате бурда  мешавад, ки ҷадвали ҳаракати автобусҳо  имконият намедиҳанд, ки вақти якхелаи  кории ронандагон муайян карда шавад.

Дар ҳолати ҳисоби вақти корӣ аз рӯи моҳи корӣ вақти  кории якрӯзаи ронанда метавонад  андаке зиёд ё кам шавад. Вале вақти  корӣ дар як моҳ  набояд аз фонди  моҳонаи кории ронанда зиёд бошад.

Фонди моҳонаи  корӣ чунин муайян карда мешавад:

                         Чмб = ДрТр – Тпп

Дар ин ҷо

Чмб – фонди  моҳонаи вақти корӣ

Др – рӯзҳои корӣ дар як моҳ

Тр – давомнокии як баст (смена)

Тпп – вақти  кӯтоҳшудаи корӣ дар рӯзҳои пеш аз истироҳатӣ ва пеш аз ид

Дар ҳолати ҳисоби вақти корӣ аз рӯи моҳи корӣ давомнокии як баст барои ронандагон 10 соат ва дар ҳолатҳои махсус бо иҷозати иттифоқи касаба на зиёдтар аз 12 соат дар ҳолати риояи фонди моҳонаи корӣ бояд бошад. Дар ҳолати бурдани мусофирон ба роҳҳои дур кори ронада аз 12 соат зиёд мешавад, бояд 2 нафар ронанда кор кунад.

Информация о работе Ташкили мусофирбари