Таъсири минтаќаи озоди иќтисодии Суѓд ба саноати Љумњурии Тољикистон

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 03 Декабря 2013 в 11:54, реферат

Краткое описание

Яке аз чорањои муфид, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон андешид ин ташкили минтаќаи озоди саноатии «Суѓд» бањисоб меравад. Барои истифодаи иќтидори саноатии ЉТ имконияти љалби сармояи хориљї ба миён меоварад, ки раќобатпазирии молро дар бозори љањонї баланд бардошта метавонад. Ташкили ин митаќа барои баланд бардоштани дараљаи индустрикунонии мамлакат ањамият дорад. Тахмин меравад, ки дар њолати муфид будани шароит ва вориди сармояи хориљї иќтидори содиротии саноати ЉТ баланд бардошта шуда, рушди устувори иќтисодї таъмин гардида метавонад.

Вложенные файлы: 1 файл

Таъсири МОИ сугд ба саноати ЧТ.docx

— 32.36 Кб (Скачать файл)

Таъсири минтаќаи озоди иќтисодии Суѓд ба саноати                                 Љумњурии Тољикистон.

Турсунов И.Х, аспиранти  кафедраи

менељменти молиявии    ДМТ

мудири кафедраи менељменти молиявї

ДМТ, н.и.и Одинаев Ф.Ф.

 

Яке аз чорањои муфид, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон андешид  ин ташкили минтаќаи озоди саноатии «Суѓд» бањисоб меравад. Барои истифодаи иќтидори саноатии ЉТ имконияти љалби сармояи хориљї ба миён меоварад,  ки раќобатпазирии молро дар бозори љањонї баланд бардошта метавонад. Ташкили ин митаќа барои баланд бардоштани дараљаи индустрикунонии мамлакат ањамият дорад. Тахмин меравад, ки дар њолати муфид будани шароит ва вориди сармояи хориљї иќтидори содиротии саноати ЉТ баланд бардошта шуда, рушди устувори иќтисодї таъмин гардида метавонад.

Маќсадњои асосии иќтисодии  ташкили минтаќањои озодї саноатї, ки объекти асосии омўзиш аст, дар  фаъолгардонї,  васеъ гардондани  соњаи саноат, љалби сармояи хориљї ва ватанї,  боло бардоштани раќобатпазирии истењсолоти миллї, самаранокии иќтисодии он, зиёд гардондани содирот ва ѓайра инъикос меёбанд.

Љойгиршавии минтаќаи озоди  иќтисодии «Суѓд» дар мавзеи љанубу ѓарбии саноатии шањри Хуљанд мавќеи наздисарњадї дорад, зеро вилояти Суѓд бо як ќатор вилоятњои Љумњурии Узбекистан аз љумла бо вилоятњои Тошканд, Љизах, Самарќанд, Намангон ва Фарѓонаи Љумњурии Узбекистон ва вилояти Боткени Љумњурии Кирѓизистон њамсарњад мебошад. Љойгиршавии наздисарњадии минтаќа  барои тањкими робитањои тиљоратї ва њамкорињо бо соњибкорони давлатњои  њамсоя омили самарабахшї шуда метавонад.

Мавриди интихоби мавзеи љойгиркунии  минтаќаи озоди иќтисодии «Суѓд» инфраструктураи мављуда - об, газ, барќ, ташноб ва коммуникатсияњои наќлиётї - роњи автомобилгард, пули 400 метра  аз дарёи Сирдарё, шоњроњи автомобилгарди Душанбе-Хуљанд, инчунин мављудияти агломератсияи шањру шањракњо (Бобољон  Ѓафуров, Ќайроќќум, Чкалов, Љ. Расулов ва Спитамен), бо шумораи ањолиашон зиёда аз 750 њазор нафар, мављудияти яке аз бозорњои калонтарини водии Фарѓона аз љумлаи омилњои назаррас буданд, ки онњо сармоягузоронро метавонанд барои дар минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият бурдан њавасманд гардонанд. Минтаќа аз роњи оњан ва фурудгоњи Хуљанд дар масофаи 11 км љойгир аст.

Мавзеи љанубу ѓарбии саноатии шањри Хуљанд, ки барои таъсиси  минтаќаи озоди иќтисодии «Суѓд» интихоб шудааст, ба хусусиятњои  хоса соњиб мебошад. Ин мавзеъ новобаста  аз њолати имрўзаи фаъолияти истењсолиаш мавзеи саноатї буда, заминањои дар он мављудаи истењсолї, инфрасохторї, кадрї ва ѓайра барои фаъолияти пешбинишавандаи минтаќаи озод мусоидат мекунад.

Њадафи асосии минтаќаи озоди  иќтисодї «Суѓд» дар он аст, ки бо роњи таъсисдињии минтаќа фароњам  овардани шароит барои љалб намудани сармоягузорињои дохилию хориљии  истењсолї, воридшавии техника ва технологияи  пешќадами истењсолии љањонї, тараќќиёти илму техника ва инноватсия, истифодаи  самараноки захирањои моддї, зењнї, баланд бардоштани иќтидори содиротї, љорї намудани истењсоли мањсулоти ивазкунандаи воридотї, таъмини коркарди бештари ашъёи хоми мањаллї, рушди инфрасохтори саноатї ва коммуникатсия, ташкили љойњои нави корї, таъмини пурсамари шуѓли ањолї мебошад.

Фаъолияти минтаќаи озоди  иќтисодии «Суѓд» дар чунин самтњои  афзалиятнок сурат мегирад: таъмини  инкишофи иќтидори саноатї, азнавсозї  ва таљдиди техникии истењсолот, азхудкунии технологияњои муосир, истењсоли  мањсулоти раќобатнок, коркарди такрории партовњои истењсолї ва маишї, љорї намудани таљрибаи замонавии идоракунии истењсолот, фароњам овардани шароит барои љалби сармоягузорї, баланд бардоштани фаъолнокии тиљоратї, њамгирої ба хољагии љањонї, пойдор намудани њамкории судманд бо дигар минтаќањои озоди иќтисодї, тараќќиёти муносибатњои иќтисодию тиљоратї ва иштирок дар  азхудкунии бозори љањонї, рушд ва таъмини  истифодаи самараноки инфрасохтори муњандисї ва наќлиёти мављуда, тараќќиёти фаъолияти инноватсионї, баланд бардоштани сатњ ва фаъолнокии потенсиали зењнї, тараќќиёти технологияи иттилоотонї, истифодаи самараноки захирањои  моддию молиявї ва техникї.

Маќсади асосии ташкили минтаќаи озоди саноатии «Суѓд»:

- њавасмандгардонии рушди  иќтидори иќтисодии Љумњурии Тољикистон, аз љумла бо роњи љалби сармоягузории ватанию хориљї, љорї намудани усулњои муосири идоракунї ва менељмент;

- таъмини иштироки самараноки  иќтисодиёти минтаќа ва кишвар дар таќсимоти байналмилалии мењнат, тараќќї додани њамкорињои тиљоратию иќтисодї бо кишварњои хориљї, афзун намудани иќтидори содиротии љумњурї;

- рушди шањрсозї дар  минтаќањои атрофи минтаќаи озоди саноатии «Суѓд», ташкил намудани инфрасохтори муосири муњандисию наќлиётї, телекоммуникатсионї, истењсолї ва иљтимої;

- ташкили шабакаи истењсолоти  аз љињати экологї тоза, бунёди  истењсолоти молу мањсулоти раќобатноки  содиротї;

- таъмин намудани ањолии минтаќа ва љумњурї бо кор, ташкили љойњои иловагии корї, баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї, бењтар намудани ќобилияти харидорї, афзун гардидани даромади коргароне, ки дар минтаќаи озоди саноатии «Суѓд» кор мекунанд ва њалли дигар масъалањои иљтимоию иќтисодии минтаќа.

Аз њудуди минтаќаи озоди  саноатии «Суѓд» содироти молњо ба кишварњои дигар њавасманд карда мешавад. Нисбати истифодаи њатмии ашёи хом ва маводњои мањаллї бар ивази ашёи хом ва маводњои воридотї талабот муќаррар карда намешавад.

Љумњурии Тољикистон дар байни давлатњои муштаракулманофеъ ягона  кишваре боќи мондааст, ки дар он Ќонун «Дар бораи њифзи истењсолкунандагони ватанї ва бозори дохилї» тањия ва ќабул нагардидааст ва ин проблема яке аз  масъалањои њалталаб боќи монда истодааст. Дар марњилаи ба Созмони умумиљањонии тиљорат дохил шудани Тољикистон  тањия ва амалї намудани чорањои њимояткунандаи истењсолкунандагони ватанї ва бозори дохилї бояд асоси ќонуни дошта бошанд.

Дигар омили таъмин намудани афзоиши њаљми истењсоли мањсулот ва бењтар намудани самаранокии истењсоли саноатї, баланд бардоштани истифодабарии иќтидорњои истењсолї ва зиёд кардани коркарди  ашёи хоми мањаллї ва аз онњо истењсол намудани мањсулоти нињої ба шумор мераванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон њамаи корхонањои соњањои саноат, (ѓайр аз корхонањои муштарак) гарчанде чорабинињои мушаххасро доир ба баланд бардошдани сатњи техникии истењсолот, таљдиду тармим ва баланд бардоштани сифати мањсулоти тайёр тањия намуда бошанд њам, бинобар нокифоя будани маблаѓњои гардони худї ва  аз назари иќтисодї бо фоизњои баланд судманд набудани гирифтани ќарзњои бонкњои хизматрасони тиљоратї, онњоро амалї карда наметавонанд.

Њалли ин масъала таќозои  онро менамояд,  ки давлат механизми  амалкунандаи аз љониби бонкњои хизматрасон  ба корхонањои соњањои саноат пешнињод кардани ќарзњои бонкиро, инчунин  имтиёзњои ба мисли дар минтаќањои озоди саноатї бударо љорї намояд. Амалї гаштани чунин механизм имконият медињанд, ки дар корхонањои саноатї шароит барои зиёд намудани такрористењсолкунї, баланд бардоштани сифати мањсулот  фароњам оварда шавад ва иќтидори содиротии онњо афзоиш ёбад.

Бењатр намудани сатњи  техникї, технологияњои  истењсоли  мањсулот дар корхонањои саноати мошинасозї, коркарди фулузот, электронї ва электротехникї имконият медињад, ки  дар онњо истењсоли номгўи васеъи мањсулоти мошинасозї, электротехникї ва электрониро ба роњ монда, талаботи корхонањои саноатиро бо ќисмњои эњтиётиву мукамалкунї, инчунин таљњизотњои ѓайристандартї ва ањолиро бо асбобњои соддатарини рўзѓор таъмин карда шаванд.

Љумњурии Тољикистон аз захирањои тилло, нуќра ва сангњои ќимматбањо бой буда, њатто дар давраи Сомониён заргарони тољик дар љањон машњур буданд ва ин яке аз соњањои дурнамои содироти Тољикистони имрўза буда метавонад. Таќозои ањонї ба тилло ва сангњои ќимматбањо калон мебошад. Як ќатор мамлакатњои хориљи наздик содироти тиллоро њамчун соњаи даромади асъориї истифода бурда, камтар ба ќарзњои хориљї эњтиёљмандї зоњир менамоянд. Имрўз имконоти Тољикистон дар ин роњ калон буда, проблемаи ќарзи хориљиро њал карда метавонад.

Истифодаи захираи нуќраи конимансур метавонад Тољикистонро ба сатњи баланди содироти равон созад. Дар Љумњурии Тољикистон ќариб 100 конњо  истифода мешавад, ки дар онњо 36 намуди захирањои табии ба содирот равона  мешаванд.  Барќарорнамоии дараљаи истењсолот бо њамкории ширкатњои хориљї имконнок аст.

Љумњурии Тољикистон иќтидори калони содироти масолењи саноати кимиёро соњиб аст. Иќтидории энергияи барќии об ва ашёи минералї имконият медињад, ки истењсоли кислотањои намакро дар заводи Ёвон ба роњ монанд, ки содироти каустикро зиёд мегардонад. Бунёди заводи  истењсоли намак метавонад тамоми Осиёи Марказиро таъмин намояд.

Дар дурнамои наздик иќтидории  содиротии саноати ЉТ бо пешрафти њамкорї бо дигар мамлакатњо дар соњаи истењсоли ќисмњои электронии мењнатталаб бо ашёи мањаллї, таљњизотсозї ва ѓайра вобастагии калон дорад.

Дар љумњури имконияти  калони ташкили содироти маводњои сохтмон, сангњои мармарї, саноат, плитањои рўйпудї дар асоси ашёи мањаллї вуљуд дорад.

Махсусгардонии содиротии  комплекси аграсаноатии ЉТ имконият медињад, ки мањсулоти ин соња бо сармоягузори кам ва давраи кам, аз худкунї бо ќувваи кории арзон истењсол гардад, ки арзиши онро паст мегардонад. Дар ин њолат раќобатпазирии он дар бозори хориљї зиёд мегардад. Коркарди мањсулоти хољагии ќишлоќ ва фурўши он ба мамлакатњои њамсоя имконияти таъмини љои кор пайдо мекунад.

Шароитњои Тољикистон барои содироти мањсулоти коркардашудаи хољагии ќишлоќ ба Руссия, Беларус ва мамлакатњои Скандинавия калон аст. Дар ин мамлакатњо таќозои калон ба мањсулоти ин соња ба назар мерасад. Махсусан содироти мевањо ангур, меваи хушк, консервањо ки харољоташон камтаринанд, назар ба моли содиротии Италия, Испания ва Юнон барории калон доранд. Барои он шароитњои стандартии тањвил бо яхдонњо фароњам оварда, фаъолияти маркетингии васеъ гузаронидан лозим аст.

Истењсоли нушокињои газнок ва бегаз аз маводи хољагии ќишлоќ ањамияти калон дошта, дар шароити  имрўза таќозо ба ин намуд мањсулот дар бозори љањонї калон аст, аз љумлаи онњо нушокињои мева, консервањои  кўдакона, консервањои гуногун, томатњо ва ѓайра мебошанд.

Љумњурии Тољикистон захирањои калони растанињои доруворї соњиб аст. Ин шароит барои истењсоли васеъ ва содироти доруворї ва растанињои доруворї фароњам меорад. Ташкили корхонањо дар ин самт дар Хоруѓ, Душанбе, Ёвон, Хуљанд ва дигар шањрњо иќтидори содиротии ин соњаи саноатро зиёд мегардонад.

Умуман, барои тараќќиёти соњањои саноат ва амалигадонии иќтидори содиротии онњо љалби сармояи хориљї бо якљоягии таљриба ва технологияи пешќадами онњо лозим аст. Бе иљрои чунин шарт пешрафти онњо ѓайриимкон мебошад ва аз ин таљрибаи як ќатор мамлакатњои нави саноати гувоњї медињанд. Аз њамин љињат љалби сармояи хориљї дар шакли инвеститсияи мустаќим ањамияти махсус дошта, аз давлат тартиб додани стартегияи онро талаб менамояд.

Таваљљўњи инвесторони хориљї нисбат ба Тољикистон мањдуд буда, ба соњањои маъмулї (энергетика, саноати сабук, коркарди мањсулоти кишоварзї ва коркарди саноатї бо инвеститсияњои хурд)  мутамарказ гардидааст.

Барои рушди соњаи саноати  Љумњурии Тољикистон зарурияти ташкили минтаќањои озоди саноатї ба вуљуд омад. Бинобар ин, Њукумати Љумњурии Тољикистон дар наќша гирифта буд, ки дар вилояти Суѓд чунин минтаќа ташкил карда шавад. Сабаб дар он аст, ки ин дар минтаќа 60% корхонањои саноатии љумњурї амал мекунанд ва инфрасохторї зарурї ќисман вуљуд дорад.

Таљрибаи ташкили минтаќањои озоди саноатї андешањои зеринро ба миён меорад:

Якум, саноат набояд тадриљан, балки хеле тез тараќќї намояд.

Дуюм, индустриякунонї бояд ба афзоиши босуръати содироти саноатї барќарор гардад.

Сеюм, индустриякунонї бояд барои истифодаи бартарияти нисбии мављудбуда барќарор карда шавад.

Чорум, индустриякунонї бояд ба пойдоршавии “вазъияти некўоварї”  оварад. Афзоиши содирот дар як ваќт ба зиёд шудани шуѓл, музди кори њаќиќї ва њосилнокии мењнат меоварад, ки барои боз њам зиёд намудани содирот ва ѓайра мусоидат мекунад.

Бо ин маќсадњо минтаќањои озоди иќтисодї дар як ќатор  давлатњои  рубатараќї низ ташкил карда шудаанд. Аммо дар  фарќият аз  давлатњои  тараќќикардаи саноатї  дар ин давлатњо дар мавриди  ташкили  минтаќањои озоди иќтисодї бисёртар ба љалби сармояи хориљї,  технология, азнавкунии саноат, боло бардоштани  тахасуснокии  ќувваи коргари  такя карда мешавад.

Таљрибаи љањонии созмондињї ва фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї нишон медињад, ки онњо барои ноил шудан ба маќсадњои зерин ташкил карда мешаванд:

  • Маќсади асосии ташкили МОИ зиёдтар пайваст кардани мамлакат ба љараёни инкишофи таќсимоти байналхалќии мењнат мебошад. Сухан ба он, ки агар мамлакат бо ин ё он сабабњо иќтисодиётро барои сармояи хориљии соњибкорї кушода натвонад, он гоњ вай метавонад инро дар доираи минтаќањои озоди иќтисодї дар амал татбиќ намояд, ваќте ки њукумат имконияти иќлими нисбатан мусоидаткунандаи сармоягузориро барои маблаѓгузаронии хориљї ба вуљуд меорад;
  • МОИ инчунин барои пур кардани бозори дохилии мамлакат бо мањсулоти сифати баланддошта, пеш аз њама молњои воридотивазкунанда истифода мешавад. Барои ноил гаштан ба ин маќсад дар территорияи муайян бо ёрии сармояи хориљии истењсолотї воридотивазкунанда ташкил карда мешавад;
  • Ташкили минтаќањои озоди иќтисодї  на фаќат зиёдтар пайваст шудани соњањои истењсолиро ба љараёни таќсимоти байналхалќии мењнат, балки соњаи саёњат (туризм), фарњанг ва соњањои санаторию курортиро дар назар дорад, ки ба  зиёдшавии даромадњои асъорї  меоварад;
  • МОИ барои тезонидани љорикунонии коркардњои илмию - техникии хориљї  ба иќтисодиёти миллї  нигаронида мешаванд;
  • Ташкили минтаќањои озоди иќтисодї  барои мамлакатњои иќтисодиёти рў  ба инкишоф ва иќтисодиёти давраи гузариш имконияти омўзонидан ва тайёр кардани  кормандони баландихтисос, муњандисон, кадрњои хољагї ва идоравиро ба вуљуд меорад;
  • Маќсади муњими ташкили МОИ -  њавасманд кардани инкишофи иќтисодии ягон территория ё соњаи људогонаи истењсолот мебошад. Таљрибаи љањонї  нишон медињад, ки агар барои мамлакатњои дорои иќтисодиёти рушди устувор ташкили МОИ – шарти фаъолгардонии фаъолияти хољаги дар ноњияњои  депрессивї  ба таназзул дучор шуда бошад, он гоњ барои мамлакатњои иќтисодиёти рў ба инкишоф ва  иќтисодиёти давраи гузариш  - њангоми ташкили чунин минтаќањо ба воридоти сармояи хориљї   эътибори махсус дода мешавад;
  • Дар мамлакатњои људогона  МОИ њамчун усули минтаќавии азнавсозии иќтисодиёт дар шароити гузариши он аз принсипњои маъмурии амалиёт бо бозор дониста мешавад. Масалан, дар Хитой самаранокии иќтисодиёти бозорї дар мисоли МОИ санљида мешавад.

Информация о работе Таъсири минтаќаи озоди иќтисодии Суѓд ба саноати Љумњурии Тољикистон